ТОҶИКИСТОНУ ЧИН АЗ АНДОЗБАНДИИ ДУКАРАТА КАНОРАГИРӢ МЕКУНАНД

Ноябрь 26, 2008 17:13

        Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-26-уми ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба канорагирӣ  аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармояро тасдиқ карданд. Ин масъаларо аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод буҷет молия ва андоз Саймуддин Ризоев шарҳ дода гуфт, ки ҳадафи асосии  Созишнома тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистону Чин аст. Созишнома барои аз байн бурдани баъзе монеаҳо  ҷиҳати андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя  мусоидат менамояд.         Тибқи ин санад, –гуфт С. Ризоев,-  агар ширкат ё  корхонаи чиноӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ дошта бошад  ва ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоя гузорад,  андозро ҳатман дар Тоҷикистон пардохт менамояд.         Мавсуф зикр кард, ки ҳаҷми сармояи  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон  сол то сол меафзояд. Агар гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2007 –ум 252 миллион доллари амрикоиро ташкил медод,  дар 10 моҳи соли 2008 –ум он  1,6  маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ,  ҳаҷми сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 603, 5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ноябрь 26, 2008 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд