ТОҶИКОНУ ХОРИҶИЁН МУҚОБИЛИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН МУБОРИЗА МЕБАРАНД

Ноябрь 17, 2008 15:36

         Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). — 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори хурди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисии мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Рамазон Раҳимов маҷлиси навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон доир мегардад. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар кори ҷаласа аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ки бо қарори маҷлиси Комиссияи байниидоравӣ аз 12-уми апрели соли 2008 (№7) таъин шудаанд, ширкат меварзанд.         Инчунин, Вазорати корҳои хориҷӣ иштироки намояндагони Сафорати ИМА, Созмони амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони байналмилалии меҳнат, Шӯъбаи Тоҷикистонии Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ, Идораи СММ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, Созмони ғайриҳукуматии «Модар» ва Лигаи занҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа таъмин менамояд.    

Ноябрь 17, 2008 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд