ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА НАҚШАИ ИДОРАКУНӢ САРХАТИ НАВ МЕДАРОРАД
Душанбе, 7 ноябр (АМИТ «Ховар, Лутфия Эшонқулова»). – Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» Қарор қабул намуд. Мутобиқи ин Қарор дар ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар заминаи мақбараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва иншооти он, ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷамоати деҳоти Панҷрӯд муассисаи мазкур таъсис дода мешавад. Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки ба Феҳристи давлатии иншооти мероси таърихию фарҳангӣ тағйироти дахлдор ворид намояд ва ба Нақшаи идоракунии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, бо мазмуни «Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» сархати нав илова кунад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






