ЯГОН ЛИТР СӮЗИШВОРӢ БОҚӢ НАМОНДААСТ, ВАЛЕ КОР ҲАСТ

Ноябрь 12, 2008 11:53

               Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, то 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ба миқдори 38 ҳазору 172 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба миқдори 1284 тонна камтар аст.             Дар ин муддат ба ноҳияҳои Роғуну Тавилдара ба миқдори 3 тоннагӣ, ноҳияи Варзоб-6, ноҳияи Ҷиргатол- 35, Тоҷикобод- 55 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид гардидааст.             Бо ин миқдор сӯзишворӣ анҷом додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла шудгори заминҳо ва кишти тирамоҳӣ дар ин ноҳияҳо мушкилоти зиёдеро пеш меорад.            Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, айни замон дар ноҳияҳои Варзоб, Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва шаҳри Роғун аз сӯзишвории воридшуда ягон литр боқӣ намондааст. Пас, дар бораи иҷрои корҳои тирамоҳӣ чӣ гунна метавон ҳарф зад?

Ноябрь 12, 2008 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд