ҒАЛАБАИ 30 – ЮМИ «РЕГАР – ТАДАЗ»

Декабрь 10, 2008 11:45

       Душанбе, 10   декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). –  Дар  доираи  мусобиқоти  қаҳрамонии   дастаҳои  футболи  лигаи  олии  мамлакат қувваозмоиҳои  навбатӣ  гузаронида шуданд. Пешсафи  ҷадвали  мусобиқа —  дастаи  «Регар – Тадаз»  ин  дафъа   дар  майдони  худ  бо   дастаи «Равшан» — и  шаҳри  Қӯлоб  қувва озмуда,  онро  бо  ҳисоби  калони  5:2 мағлуб  намуд. Дастаи «Регар – Тадаз»  дар  мавсим  30  ғалаба ба  даст  овард.  Аз  Федератсияи  футболи  мамлакат   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  дастаи  «Динамо» — и  шаҳри  Душанбе  зимни қувваозмоӣ  бо  дастаи  «Энергетик» бо  ҳисоби  0:2 мағлуб  шуд. Дастаи  «Регар – Тадаз»  баъди  37 бозӣ  94  хол  дошта,  барои ба  даст  овардани  унвони  қаҳрамонӣ  мубориза  мебарад. Дастаҳои  «Хуҷанд» ва «Парвоз»  бо  79  ва  78 хол  барои ба  даст  овардани  ҷойҳои  дуюму  сеюм  қувваозмоӣ  мекунанд. Ин  дастаҳо  имрӯзу  пагоҳ  дар  майдонҳои  худ  бо  дастаҳои  «Вахш» ва «Тоҷиктелеком»  қувваозмоӣ  хоҳанд  кард.

Декабрь 10, 2008 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд