ҒАМХОРӢ БА МАЪЮБОН

Декабрь 3, 2008 16:39

         Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналхалқии маъюбон таҷлил карда мешавад. Ҳалли масъалаҳои  расонидани кӯмак ва хизматҳои гуногун ба маъюбон дар Тоҷикистон ба зиммаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузошта шудааст. Ба қавли  муовини аввали директори агентии мазкур Анвар Бобоев, Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналхалқӣ  ба маъюбон кӯмакҳои гуногун расонида, ба онҳо  маводи хӯрока, либосу пойафзол  ва асбобҳои рӯзгор тӯҳфа мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои  нӯҳ моҳи гузаштаи соли равон аз ҳисоби  буҷети давлат барои таъминоти парваришгоҳҳо ва  хона- интернатҳои маъюбон бештар аз 6 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Яке аз зуҳуроти ғамхорӣ ба  бачагони маъюб ба истифода додани бинои дуюми Хона — интернати Чорбоғ мебошад, ки се сол пеш дар натиҷаи сӯхтор зарари калон дида буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз барои тарбиягирандагони хона — интернати мазкур зиёфати идона ороста, консерти калон намоиш дода мешавад.

Декабрь 3, 2008 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад