ҚИССАҲОИ УМРИ КӮТОҲИ ШИРИНШОҲ ДАРСИ ИБРАТАНД
Хоруғ, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Имрӯз бахшида ба зодрӯзи яке аз абармардони таърихи халқи тоҷик, Қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур дар мактаби рақами 12-и ноҳияи Шуғнон, ки номи ӯро дорад, таҳти унвони «Сарсупурдаи миллат» конфронси илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Конфронс аз маросими гулчанбармонӣ дар пояи нимпайкараи Шириншоҳ Шоҳтемур оғоз ёфт. Сипас, толибилмони мактаб барномаи омодакардаашонро пешкаши ҳозирин намуданд. Зикр гардид, ки гарчанде Шириншоҳ Шоҳтемур бо тӯҳмат парронда шуда бошад ҳам, номи некаш пас аз соли вафоти ӯ вирди забонҳо гардид. Дар чорабинии мактабиён набераи Шириншоҳ Шоҳтемур Шакархотун Шоҳтемурова иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки қиссаҳои умри кӯтоҳ, вале пурфасонаи Шириншоҳу ҳамаслаконаш барои ҳар фарди тоҷик дарси ибратанд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






