ҚОНУНИГАРДОНИИ МОЛУ МУЛК ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН ДОРАД?

Декабрь 24, 2008 16:04

         Душанбе, 24 декбар. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «То имрӯз молу мулки беш аз 1900 нафар шаҳрванд ва шахсони ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қонунӣ гардонида шудааст». Чунини гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби масъули Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи мазкур Исматулло Зиёев.         Мавсуф зикр кард, ки вобаста ба қонунигардонии молу мулк ба Комиссия, ки дар бинои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият менамояд, 3800 аризаи шаҳрвандон ворид гардидааст. Аз он 30 адад муроҷиат рад карда шуда, 1870 ададаш мавриди баррасии аъзои Комиссия қарор дорад. Бояд зикр кард, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» тамоми амволи ғайриманқул — хона, автомашина, сангҳои қимматбаҳо, коғазҳои қимматбаҳо, ширкату корхонаҳои хусусӣ қонунӣ гардонида мешаванд.           Қонуни мазкур ҳанӯз моҳи майи соли 2007 қабул карда шуда буд. Ба он 23-юми декабри соли равон  бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 5-уми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Тибқи он мӯҳлати қонунигардонии молу мулк дар ҷумҳурӣ  6 моҳ тамдид гардид. Бояд зикр намуд, ки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон имкон доранд то 1-уми июли соли 2009 молу мулки худро қонунӣ гардонанд.

Декабрь 24, 2008 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд