ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТҲОИ СОХТМОНИИ ХОРИҶӢ

Декабрь 31, 2008 10:17

           Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Истиқлолияти Тоҷикистон дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон бо ширкатҳои сохтмонии давлатҳои хориҷ такони нав бахшид. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонии Туркия, Эрон, Чин дар Тоҷикистон даҳҳо иншооту сохтмонҳо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.         Масалан дар замони истиқлолият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонии Туркия дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхона, ва биноҳои истиқоматӣ сохта шуданд. Дар назар аст, ки дар оянда бо ҳамкории мутахассисони Туркия дар Душанбе  корхонаи нассоҷӣ бунёд карда мешавад.          Чунин мисолҳоро ҳам дар симои мутахассисони Чину Эрон  овардан боиси қаноатмандист. Бародарони Эронӣ дар сохтмони иншооти   энергетикӣ ва кофтани нақбҳо бештар рағбат доранд ва дар ин ҷода корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаи С. Айнӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи Рӯдакӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Эрон давом дорад. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сохтмони пружаҳои боз ҳам калонтари ҷумҳурӣ ширкат варзиданро ихтиёр кардааст. 

Декабрь 31, 2008 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд