ҲУКУМАТИ РУСИЯ БА КОРХОНАҲО КӮМАКИ МОЛИЯВӢ МЕРАСОНАД
Маскав, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Интерфакс).- Ҳукумати Русия рӯйхати корхонаҳоеро интишор дод, ки ба онҳо дар сатҳи федералӣ кӯмаки давлатӣ расонида мешавад. Ба рӯйхат 295 корхонаю ширкат аз соҳаҳои гуногуни саноат, нақлиёт, энергетика, нафту газ, истихроҷи ангишт, алоқа, воситаҳои ахбори оммавӣ, фулузгудозӣ, нафту химия , автомобилсозӣ, ҳавопаймо ва киштисозӣ, мошинҳо барои соҳаи кишоварзӣ, дастгоҳсозӣ, масолеҳи бинокорӣ, корхонаҳои дорусозӣ, озуқа, сохтмони манзил ва гайра шомил карда шуданд. Қайд карда мешавад, ки ба рӯйхати мазкур дохил кардани корхонаю ширкатҳо маънои додани кафолатро дар бобати расонидани кӯмаки молиявӣ надорад. Пешниҳоди тартиб додани рӯйхати мазкурро раиси ҳукумат В.Путин ба миён гузошта буд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






