ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Маскав, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар Маскав таҳти раёсати намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Р. Ананян маҷлиси Шӯрои доимии созмони мазкур баргузор гардид. Дар он муовини директори Раёсати ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупои ВКХ Русия Ю.Бодров дар бораи натиҷаҳои мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои САҲА дар Хелсинки маълумот дод. Иштирокчиёни маҷлис аҳамияти калони изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД дар бораи дастгирии пешниҳоди Русия роҷеъ ба таҳияи қарордоди таъмини амнияти Аврупо ва изҳороти иштирокчиёни маҷлиси Кумитаи котибони шӯроҳои амниятро зикр намуданд. Дар маҷлис зарурати андешидани тадбирҳои муштарак барои амалӣ сохтани пешниҳоди мазкур таъкид карда шуд. Намояндагони ваколатдор маълумоти Котиботи созмонро дар бораи машваратҳои намояндагони доимии давлатҳои аъзои СААД дар назди НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба инобат гирифтанд. Дар маҷлиси мазкур Муншии умумии СААД Николай Бордюжа иштирок дошт ва сухан кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






