ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ КИТОБДОРОНИ ВИЛОЯТ

Декабрь 3, 2008 08:43

         Хуҷанд, 3  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). – Дар  китобхонаи  вилоятии  оммавии   ба  номи  Тошхоҷа  Асирӣ  озмуни  «Китобдори  беҳтарини сол» ҷамъбаст  карда шуд. Дар  он  кормандони   китобхонаҳои  даҳ  шаҳру  ноҳияи  вилояти  Суғд  ширкат  варзиданд.  Ороиши   газетаи  рӯзномаи  деворӣ  бахшида ба   санаҳои  гуногуни  таърихӣ, тартиб  додани  нақшаи  мухтасари  ин  ё  он  маъракаи  фарҳангӣ ва  гайра  аз  ҷумлаи   шартҳои  озмун  буданд.          Ҳайати  доварон  ба  маҳорати  кормандони  китобхонаҳо  баҳои  сазовор  дод.  Аз  рӯи  натиҷаҳои  озмун  ҷоизаи  асосии  он  насиби  корманди  китобхонаи  марказии  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров,  Дилафрӯз  Шарифбобоева  гардид. Ҳайати  доварон  ба  маҳорати  касбии  намояндагони  ноҳияи  Конибодом  ва  шаҳри  Хуҷанд  низ  баҳои  хуб  дод. Ба қавли  ташкилкунандагони  озмун,  чунин  тадбирҳо  ба  такмили  маҳорати  кормандони  китобхонаҳо  мусоидат  мекунад.

Декабрь 3, 2008 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид