ҶАМЪОМАДИ БОТАНТАНАИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ
Душанбе, 6 декабр. ( АМИТ «Ховар», Дубинина).- Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, намояндагии Созмони ҳамкории фарҳангии Русия бо мамлакатҳои хориҷӣ ва иттиҳоди миллии занони руси сокини Тоҷикистон ҳамроҳи Шӯрои ветеранҳои ҷанги шаҳри Душанбе имрӯз бахшида ба Рӯзи шарафи ҷангӣ ва 67- солагии оғози ҳуҷуми ҷавобии қисмҳои ҳарбии Артиши шӯравӣ ба муқобили лашкари немис дар наздикии Маскав ҷамъомади ботантана оростанд. Иштирокчиёни ҷангро намояндагони сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, шӯрои ветеранҳо, намояндагони Пойгоҳи низомии 201- уми Русия ва Шӯрои ҳамдиёрони хориҷии ин мамлакат табрик намуданд. Иштирокчиёни ҷамъомад ба ташкилкунандагони он изҳори сипос намуданд. Аъзои дастаи ҳунарии Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои ҳозирон сурудҳои ҳарбии замони ҷангро иҷро намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






