ҶАШНВОРАИ 21-УМИ ФИЛМҲОИ АВРУПОӢ ИМСОЛ ДАР ДАНИЯ

Декабрь 6, 2008 11:03

                 Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 6-уми декабр дар Дания даври 21-уми ҷашнвораи синамои Аврупо натиҷагирӣ мешавад.                 Тибқи муқаррароти ин ҷашнвора, ҳар соли дуюм озмун дар шаҳри Берлин баргузор шуда, дар солҳои дигар дар марказҳои фарҳангии дигари аврупоӣ, чун Париж ва Лондон мегузарад.                Имсол маросими ҷоизасупорӣ дар Копенҳаген — пойтахти Дания баргузор мешавад. Қобили қайд аст, ки одатан ин ҷашнвораро чун «Оскар»-и аврупоӣ ном мегиранд ва аз ҳамин хотир, ширкат дар Ҷашнвораи филми аврупоӣ барои аксар филмсозон оғози хубе ҷиҳати дарёфти эътибори байналмилалӣ маҳсуб мешавад.               Ҷоизаи филми аврупоӣ дар 15 бахш тақдим мешавад. Имсол дар озмун 350 филм аризаи ширкат дода, 44 филми беҳтарин ба бахши хотимавии озмун роҳ ёфт. Қарор аст аъзои Фарҳангистони филми аврупоӣ иборат аз 1800 филмсоз барои филми беҳтарин раъй дода, ғолибонро муайян намоянд.               Бояд ёдовар шуд, ки ҷашнвораи мазкур аз соли 1989 бо ташаббуси Фарҳангистони синамои Аврупо баргузор мешавад.  

Декабрь 6, 2008 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад