ҶУВОРИМАККАИ НАВЪИ «ЗОҲИР»-РО БАРОИ КИШТИ ТАКРОРӢ ТАВСИЯ МЕКУНАНД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода, дар филиали суғдии Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ навъи нави ҷуворимаккаи «Дилшод» ва дар Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ навъи ҷуворимаккаи «Зоҳир» офарида шудаанд. Ҷуворимаккаи навъи «Дилшод» аз соли 1999 ва «Зоҳир» аз соли 2007 ба санҷиши давлатӣ супорида шудаанд. «Зоҳир» нисбат ба навъи «Дилшод» 10-15 рӯз пештар мерасад ва барои кишти такрорӣ мувофиқ аст. Давраи нашъунамои ҷуворимаккаи навъи «Зоҳир» 98 рӯзро дар бар мегирад. Дар давоми се соли аввали кишт ҳосилнокии он 79,9-сентнериро дар як гектар ташкил медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






