1249 НАФАР АНДОЗСУПОРАНДА ҶАРИМА ШУДАНД

Декабрь 27, 2008 12:29

   Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори шӯъбаи робита бо ВАО ва протоколи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саидмурод Рабизода, кумитаи мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби соҳибкорони ба тиҷорат машғул дар дӯкону мағозаҳо насб кардани мошинҳои назорати хазинавиро талаб менамояд. Дар соли 2008 ба миқдори 9904 адад мошини назорати хазинавӣ дар дӯкону мағозаҳои савдо насб карда шудааст. Соли ҷорӣ барои вайрон кардани қоидаҳои савдо ва истифодаи ғаразноки мошинҳои назорати хазинавӣ 1249 нафар андозсупоранда ба маблағи 271 ҳазору 695 сомонӣ ҷарима карда шуд. Дар сурати истифодаи дурусти мошинҳои назорати хазинавӣ маблағҳои аз андоз пинҳон намуда ошкор карда мешаванд. Аз ин рӯ, андозсупоранда барои истифодаи мошинҳои назорати хазинавӣ ҳавасманд нест, аммо ин ба хости онҳо ҳам вобаста нест. Дар сурати истифода накардани ин мошинаҳоаз тарафи Кумитаи андоз чораҳои  қавитар андешида мешавад.   

Декабрь 27, 2008 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад