13 ҲАЗОР ДОЛЛАРРО БО РОҲИ ФИРЕБ ГИРИФТАНД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини кӯчаи Петровскии пойтахт Вайсиддин Нуралиеви 23-сола ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2-и пойтахт бо ариза дар он хусус муроҷиат намуд, ки истиқоматкунандаи кӯчаи Қазоқон — 1 Умед Мустафоеви 23-сола бо роҳи фиреб ба боварии Нуралиев даромада, дар назди бинои истиқоматиаш 13 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол гардонида надодааст. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати У. Мустафоев парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






