66 КИЛОГРАММ МАВОДИ МУХАДДИР БА КОМИ ОТАШ РАФТ
Хоруғ, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Дар оташдони махсуси Раёсати Агентии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Хоруғ 66 килограмм маводи мухаддир ба коми оташ дода шуд. Комиссияи махсус, ки ба он намояндагони сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва марзбонон шомил буданд, ин амалро иҷро намуданд. Тавре дар рафти сӯҳбат бо аъзоёни Комиссия маълум гардид, соҳибони пешинаи маводи мухаддир 8 нафар буда, як қисматашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонанд. Чунончи, аз 49 килограмм банг 10 килограммаш аз маскуни вилояти Ишкошими кишвари Афғонистон Шерон валади Ниёзмамад мусодира гардид. Ба гуфтаи муфаттиши калони Раёсати Агентии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ Ораз Худододов, ҳаҷми маводи мухаддири мусодирагашта сол аз сол меафзояд. Соли равон танҳо аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Бадахшон 91 килограмму 933 грамм маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки 84 килограмму 539 граммаш банг, 4 килограмму 455 грамм афюн ва 2 килограмму 909 грамми дигар маводи сахтаъсири героин мебошад. Умуман, соли равон бо ҳамдастии Кумитаи амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва сарҳадбонон дар вилоят 193 килограмму 77 грамм маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ ситонида шуд, ки 14 килограммашро героин ташкил медиҳад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






