АҲМАД ДУЙСЕНБОЕВ ШОҲКОРИҲОИ МОРО БА РУСҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАД

Декабрь 1, 2008 10:31

Душанбе,1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Қазоқистон китоби «Ашъор ва зиндагии устод Рӯдакӣ» нашр шуд. Ин китоб бо ибтикори ношир ва таблиғгари адабиёти тоҷику форс Аҳмад Дуйсенбоев бо ороиши ҷолибу муқоваи  хуб ва  воқеан нодир нашр шудааст. Аҳмад Дуйсенбоев  тайи се соли охир ду шоҳкории дигари адабиёти тоҷику форсро ба хонандагони русзабон пешкаш кардааст. Аз ҷумла, «Қобуснома», «Синдбоднома» ва «Афсонаҳо»-ро дар як китоб ва дар китоби дигар  «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва  «Тӯтинома»-и  Зиёвуддини Нахшабиро ба нашр расонидааст. Бояд ёдовар шуд, ки соли ҷорӣ дар Қазоқистон ба муносибати 1150-солагии устод Рӯдакӣ  китоби ашъори Одамушшуаро низ дастраси хонандагон гардида буд.

Декабрь 1, 2008 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад