АФҒОНИСТОН ТОҶИКИ ГУМОНБАРШУДАРО БА ТОҶИКИСТОН МЕДИҲАД

Декабрь 27, 2008 13:06

            Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-  Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафари расмии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ба Афғонистон як қатор масъалаҳо, аз қабили мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи нашъадор, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, вазъи сарҳади давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.          Ҳамзамон, масъалаи интиқол додани ашхосе, ки барои содир намудани ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, баррасӣ гардид. Ин ашхос дар содир кардани амалҳои террористӣ, узвият дар созмонҳои  террористӣ — экстремистии «Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон», «Ал-қоида», «Ҳизби таҳрир», нашъаҷаллобӣ ва куштор гунаҳгор дониста шудаанд. Роҳбарияти мақомоти махсуси Афғонистон омодагии пурраи хешро доир ба баррасӣ ва ҳалли мусбати масъалаи мазкур қайд намуда, изҳор доштанд, ки дар қаламрави Афғонистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмов Анварҷон Ашӯрбоевич дастгир карда шудааст ва  онҳо тайёранд бо назардошти дархости Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Қаюмов Анварҷон Ашӯрбоевич (соли таваллудаш 1967) зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара буда, ҳамчун сардори гурӯҳи  ҷинояткори Ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон (Туркистон) дар ноҳияи Исфара барои содир кардани силсилаи ҷиноятҳои вазнин гумонбар дониста мешавад.Дар ҷараёни вохӯрии роҳбарияти мақомоти махсуси Тоҷикистону Афғонистон қарор дода шуд, ки шаҳрванд Қаюмов Анварҷон Ашӯрбоевич рӯзи 27-уми декабри соли равон ба ихтиёри мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон супорида мешавад. Бояд зикр намуд, ки нисбати ӯ бо гумони сӯиқасд ба ҷони кормандони милиса  парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.  Сарфи назар аз мавҷуд набудани асосҳои ҳуқуқӣ-мурофиавӣ дар давоми солҳои 2005-2007, бо ташаббуси мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон чандин нафар шахсони ба содир кардани ҷиноятҳо гумонбар аз Тоҷикистон ба Афғонистон  ва аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Бо мувофиқаи тарафҳо Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати боз якчанд нафари дигарро, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар мебошанд, ба мақомоти амнияти Афғонистон супурд.

Декабрь 27, 2008 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад