АНҶУМАНИ ЯКУМИ ФИТОТЕРАПЕВТҲО ВА ФИТОФАРМАКОЛОГҲОИ ҶТ

Декабрь 5, 2008 09:49

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Моҳи  декабри соли ҷорӣ  Маркази ҷумҳуриявии тиби халқӣ дар якҷоягӣ бо Институти байналмилалии омўзиши осори Ибни Сино ва фармакология (ИБООИС) гузаронидани Анҷумани якуми фитотерапевтҳо ва фитофармакологҳои Тоҷикистонро ба нақша гирифтаанд, ки бешубҳа, он маъракаи муҳими илмии сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дар анҷуман иштироки   олимони варзида аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Амрико, Фаронса, Чин ва ғайра дар назар аст. Дар мақолаҳои илмии анҷуман, ки дар маҷмўаи «Масъалаҳои фитотерапия ва фитофармакология» ҷой гирифтаанд,  масъалаҳои муҳими тиби муосир, ба монанди масъалаҳои умумӣ ва ҷузъии фитотерапия, вазъи ҳозираи тиби халқии тоҷик, ҳамчунин дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби фитофармакологияи тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Қариб дар аксари мақолаҳои олимони хориҷӣ ҳамкорон   олимони тоҷик, кормандони Маркази ҷумҳуриявии тиби халқӣ мебошанд, ки ин аз дастовардҳои илмии Марказ дарак медиҳад.      

Декабрь 5, 2008 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд