АРРАИ ДИЗЕЛИЮ ЧАРХИ КАМАЗРО ДУЗДИДАНД
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини ноҳияи Панҷакент Шариф Норови 35-сола ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ғончии вилояти Суғд муроҷиат намуд, ки шахсони номаълум дар ҳудуди деҳаи Далёни поён аз бордони мошини тамғаи КАМАЗ — 53212 (рақами давлатиаш 4282 РУС) 5 чархи мошини сабукрав, 2 велосипед, 1 арраи дизелӣ ва 1 чархи КАМАЗ-ро дуздидаанд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Уткирҷон Рафиеви 32-сола ва Ходирназар Шарифови 28-соларо дастгир намудаанд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, тафтиш идома дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






