АССОТСИАТСИЯИ МУАССИСАҲОИ ҚАРЗИ ХУРДИ ҶТ БА МИЗОҶОНАШ ТОРАФТ МЕАФЗОЯД

Декабрь 13, 2008 13:04

                 Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ассотсиатсияи муассисаҳои қарзи хурди Тоҷикистон дар давоми нимаи аввали соли 2008 барои рушди соҳаҳои соҳибкорию тиҷорат зиёда аз 59 миллион доллари ИМА қарз дод. Айни ҳол шумораи умумии мизоҷони он қариб ба 228 ҳазор нафар мерасад. Мудири иҷроияи ассотсиатсия Толиб Ғайратов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ассотсиатсия аввали 2004 расман ба қайд гирифта шуд ва дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз муассисаҳои нахустини қарздиҳанда мебошад.                Фаъолияти он соли 2000 оғоз ёфта буд. Ассотсиатсия имрӯз 56 муассисаи қарздиҳандаро муттаҳид менамояд. Т.Ғайратов афзуд, ки муассисаҳои қарздиҳанда ҷузъи ёриррасони бонкҳои калон буда, ба аҳолӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарз медиҳанд. Мизоҷони ассотсиатсия асосан барои таъмини муомилоти пул, хариди таҷҳизот ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонию фермаҳои чорводорӣ, хариди нақлиёт ё пардохтани пули таълим қарз мегиранд. Маблағи калонтарини қарз то 10 ҳазор доллари ИМА мебошад. 

Декабрь 13, 2008 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд