АВВАЛИН КОРВОНИ ҒИЗОӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КАДУЧӢ РАСИД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар арафаи Иди Қурбон аввалин кӯмаки башардӯстона аз Фонди захиравии Президенти мамлакат ба тарбиягирандагони мактаб- интернатҳои минтақаи Кӯлоб фиристода шуд. Дар минтақа аввалин шуда хонандагони мактаб-интернати Кадучии ноҳияи Восеъ аз ин ёрии башардӯстонаи Президенти кишвар бархӯрдор гардиданд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 24 мактаб-интернат барои тарбияи бачагони бепарастор ба истифода дода шудааст. Дар арафаи ҳар ҷашну ид расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мактаб-интернатҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Ёрии башардӯстонаи ба мактаб-интернатҳои минтақаи Кӯлоб фиристодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сари вақт ба ҷойҳои таъиншуда расонида шуд,- иброз доштанд дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Корвони ғизоӣ аз орд, равған, шакар ва сарулибоси гарми зимистона иборат буд. Тарбиятгирандагони мактаб-интернати Кадучӣ барои ғамхории падарона ба сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






