АЗ 100 НАФАР ДОВТАЛАБ 48 НАФАР МАНСАБДОР ШУД

Декабрь 18, 2008 08:44

                Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).-Мақомоти андоз яке аз соҳаҳои зарурӣ дар сохтори давлатдории Тоҷикистони навин ва соҳибистиқлол аст,- иброз дошт мутахассиси калони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Гулсара Лутфуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар».               Бо мақсади ба кор ҷалб намудани кадрҳои болаёқат дар кумита пайваста озмунҳои соҳавӣ — касбӣ гузаронида мешавад.               Дар 11 моҳи соли 2008 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ чор маротиба озмун баро ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шудааст.               Барои иштирок дар озмуни рӯзи 11-уми декабр, ки тибқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 10-уми Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, 100 нафар довталаб роҳхат гирифт.               Шартҳои озмун барои ишғоли вазифаҳо тавассути рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Боҷу хироҷ» нашр шуда буд.              Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии муовини аввали раиси кумитаи мазкур Н.М. Давлатов донишу маҳорати 48 нафар довталабро дар асоси шартҳои эълоншудаи озмун дуруст шуморида, онҳоро барои ишғоли ҷойи нави кор ва мансаб табрик намуданд.

Декабрь 18, 2008 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд