АЗ РӮИ МАРҲИЛАҲОИ ОЗМУН ҲИСОБОТИ БАҲОГУЗОРӢ ТАЙЁР МЕШАВАД

Декабрь 25, 2008 12:05

         Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон» аз ҳисоби маблағҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мешавад. Маблағи умумии лоиҳа 6,675,000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.          Мақсади лоиҳа харидани техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ барои беҳар намудани ҳолати нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон аст. Дар ин маврид 9-уми ноябри соли 2007 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи қарзӣ ва грантӣ ба имзо расида буд. 13-уми феврали соли 2008 бошад, байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин, миёни ҳамин вазорат ва Маркази Татбиқи Лоиҳаҳои Таҷдиди Роҳҳо барои кори  машваратчиёни маҳаллӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид. Аз 7-уми июли соли ҷорӣ кори машваратчиёни байналхалқӣ оғоз гардид.           13-уми октябри соли ҷорӣ озмун ташкил карда шуд. Аз 22 ширкате, ки ба озмун ҳуҷҷат супорида буданд, 13-тояшон иштирок намуданд. Протоколи комиссияи озмун тартиб дода шуда, ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд пешниҳод гардид.  Айни замон, мувофиқи марҳилаҳои озмун ҳисоботи баҳогузорӣ тайёр карда шуда истодааст.

Декабрь 25, 2008 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад