БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ МОЛИЯВӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ ЗИЁН МЕРАСОНАД
Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз зимни машварати дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузоргардида масъалаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иқтисодӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурӣ ва журналистон ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии машварат огоҳ кардани аҳолӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва имкониятҳои зарари он ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Мутахассиси вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Зӯҳро Мӯсоева дар бораи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки он ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ зарари манфӣ расонид. Ин пеш аз ҳама дар паст гардидани нархи молҳои содиротии мамлакат — пахта ва алюминий равшан зоҳир мегардад. Намояндаи вазорати молия Ҷамшед Шерматов ин мавзӯъро давом дода, изҳор намуд, ки соли 2009 дар ҷумҳурӣ барои пешгирии чунин вазъият фонди махсус ташкил карда мешавад. Зикр гардид, ки имрӯз дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои молиявӣ барои пешгирии зарари бӯҳрони молиявӣ ва бартараф сохтани оқибатҳои он комиссияҳои махсус ташкил карда шудаанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






