БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТҲО ДАР ИДМ БИДУНИ ТАҚАЛЛУБКОРИСТ
Душанбе, 1 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 17 –уми декабр дар пойтахти Беларус -шаҳри Минск ҷаласаи навбатии ҳайати намояндагони Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Иштирокчиёни нишаст масъалаҳои марбут ба фаъолияти намояндагиҳои нозирони кишварҳои ИДМ –ро дар интихоботҳое, ки соли 2008 дар қаламрави ИДМ баргузор гардиданд, баррасӣ менамоянд. Ҳамчунин, роҳҳои такмили ташкил ва баргузории интихоботи шаффофу одилона бидуни тақаллубкорӣ дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳод ва тақвият бахшидани фаъолияти нозирони ИДМ дар ҷараёни назорат дар интихоботҳо матраҳ мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст роҳбари Дастгохи Комиссяи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов намояндагӣ менамояд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






