БАРНОМА ДАР АМАЛ ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Фонди миллии иҷтимоии Тоҷикистон ба амалӣ сохтани барномаи сеюми коҳиши сатҳи камбизоатӣ шурӯъ менамояд. Барномаи мазкур ба силсилаи барномаҳои давлатии сармоягузори барои солҳои 2008 – 2010 ворид карда шудааст. Барномаро Фонди миллии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки Бонки рушди Олмон амалӣ месозад. Барнома дар 14 ноҳияи қисми ғарбии вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад. Барои иҷрои он умуман 6,5 миллион евро ҷудо карда шудааст. Дар ин маблағ саҳми Олмон 5,5 миллион евро, саҳми Тоҷикистон бештар аз 1 миллион евро ва саҳми ҷамоатҳои маҳаллӣ 300 ҳазор евро мебошад. Барнома, тибқи нақша дар давоми 36 моҳ иҷро карда мешавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






