БАРОИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ФР ЧӢ БОЯД КАРД?

Декабрь 23, 2008 09:29

           Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Муовини  сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Ш.А. Ҳамдамов ва мутахассиси масъули Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Д. А. Азизов дар нимаи аввали семоҳаи охири соли ҷорӣ бо дастури роҳбарияти ВКД ҶТ ба омӯзиши вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар  минтақахои Урал ва Сибири Ғарбии Федератсияи Россия сафарбар шуданд. Ҳадафи ин сафар омӯзиши вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони  Тоҷикистон дар минтақаҳои зикргардида, ба танзим даровардани ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ, муайян намудани шумораи дақиқ ва маҳали зисти  сарҷамъонаи муҳоҷирон, омӯзиши фаъолияти онҳо ва баргузории вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ин вилоятҳо мебошад. Мувофиқи маълумоти расмии Округи Федералии Урал, дар нимсолаи  аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди минтақа 88 ҳазору 628 нафар шаҳрванди  хориҷӣ ҳамчун муҳоҷир ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Свердловск  44095  нафар, вилояти  Челябинск    — 12477 нафар, вилояти  Курган — 912 нафар, ВМ Ямало-Ненецк — 3224 нафар, ВМ Ханты-Мансийск — 14395 нафар, вилояти Тюмен — 13525 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумора 67 ҳазору 608 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.  Барои вайрон намудани қоидаҳои иқоматӣ ва ҳолатҳои буду бош дар  ҳудуди Округи Федералии Урал, дар асоси талаботи моддаи 18.8 Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия 9215 нафар шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маъмурӣ кашида шудаанд. Дар натиҷа, 296  нафари онҳо аз ҳудуди минтақаи номбаршуда хориҷ гардидаанд. Мувофиқи  нишондодҳои  расмии  Раёсати  Федералии  Хадамоти  муҳоҷирати ФР, дар вилояти Челябински Федератсияи Россия дар соли 2007-ум 10 ҳазору 669 нафар ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 15 ҳазору 576 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолият намудаанд. Дар мӯҳлатҳои зикршуда мутобиқан 7917 нафар ва 7849 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди вилояти Челябинск ворид гаштаанд ва дар ҳамин муддат мутобиқан 2942 ва 6930 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марзи вилоят берун рафтаанд. Дар охири соли  2007-ум 7727 нафар ва то 1-уми октябри соли 2008  8646 нафар шаҳрванди  Тоҷикистон дар ин  вилоят фаъолият намудаанд. Дар соли 2007 ва 9 моҳи соли 2008 ба муҳоҷирони меҳнатии  Тоҷикистон мутобиқан 11 ҳазору 220 ва  9 ҳазору 190 иҷозатнома барои кор  дода шудааст. То 1-уми октябри соли 2008 мувофиқи нишондод дар соҳаҳои  хоҷагии кишоварзӣ — 166, моҳипарварӣ  ва  моҳидорӣ — 23, канданиҳои фоиданок — 103, коркарди маҳсулоти гуногун — 1459, сохтмон — 6929, савдо -5390, нақлиёт — 774, молия — 1, хариду  фурӯши  моликият  ва  хизматрасонӣ -501, маориф — 30, тиб — 11, хизматрасонии коммуналӣ ва иҷтимоӣ — 64 ва дигар намудҳои фаъолияти иқтисодӣ 125 нафар вобаста гардида, айни замон фаъолият  менамоянд. Теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаҳои назоратии иммигратсионӣ дар 9 моҳи соли 2008-ум 27014 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2007-ум 35 % зиёд мебошад. Бояд зикр кард, ки дар ҳудуди вилояти Челябинск аз моҳи феврали соли 2004  маркази минтақавии миллӣ — фарҳангии тоҷикон — «Сомониён» фаъолият менамояд. Мақсади асосии ҷамъияти мазкур омӯзиши расму оинҳои аҷдодӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва расонидани кӯмакҳои гуногун ба тоҷикистониён, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ ва ғайра мебошад.            Бояд зикр намуд, ки дар доираи сафар  Ҳамдамов Ш.А. ва Азизов Д. А. бо раиси Кумита оид ба ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳо, марказҳои диннию миллӣ ва фарҳангии вилояти Челябинск Аносов И.И., муовини сардори Раёсати  Хадамоти федералии муҳоҷирати ФР дар вилояти Челябинск ва сардорони  шӯъбаҳои раёсати мазкур мулоқот доштанд. Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилоят рӯз аз рӯз афзуда, аз 3/1 ҳиссаи онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Айни  замон  шумораи  шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши қабули шаҳрвандии  Федератсияи  Россияро доранд,  зиёд  шуда  истодааст. Роҳбарияти Ҳукумат ва Раёсати Хадамоти Федералии муҳоҷирати вилояти Челябинск фаъолияти хуби ҷамъияти «Сомониён»-ро қайд намуда, зикр карданд, ки дар ҳолати ба миён омадани масъалаҳои гуногун оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар якҷоягӣ бо ин ҷамъият мушкилотро ҳал мекунанд. Дар  рафти  вохӯриҳо муҳоҷирони меҳнатӣ баён доштанд, ки дар  фурӯдгоҳҳои Екатеринбург ва Новосибирск аз хазинаҳо чиптаҳоро бо нархи муайянгардида дастрас карда наметавонанд. Бояд зикр кард, ки вобаста ба дархосту пешниҳодоти муҳоҷирони тоҷик дар ФР, барои ҳалли масъала бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ — таблиғотӣ гузаронида шавад.

Декабрь 23, 2008 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад