БАРОИ БОЗПАС ДОДАНИ МАҲБУСОН ПРОТОКОЛ БА ИМЗО РАСИД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).- 24-уми декабр маросими ба имзо расидани Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, баргузор гардид. Протоколро вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири ҶИА дар Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ имзо карданд. Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо 27-уми июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2008 ва аз ҷониби Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 24-уми сентябри соли 2008 тасдиқ шудааст. Пас аз анҷоми маросими имзои Созишнома Ҳамрохон Зарифӣ зикр кард, ки Афғонистон барои мо кишвари дӯсту наздик аст ва ҳамаи иқдомҳо ҷиҳати рушди ин кишвар равона шудаанд. Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ гуфт, ки Афғонистон бо Тоҷикистон на танҳо дар ин самт, ҳамзамон дар бахшҳои иқтисод, коммуникатсия ва илму маориф низ ҳамкории зич дорад. Ӯ тазаккур дод, ки имрӯз дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон қариб 228 нафар шаҳрвандони Афғонистон маҳбусанд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






