БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРИИ ТАКРОРШАВИИ БЕМОРИҲО

Декабрь 5, 2008 11:59

        Душанбе, 5 декабр (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Бо кӯмаки барномаи «Саломатии ҷомеа» — и  намояндагии  Пажӯҳишгоҳи  ҷомеаи кушод — бунёди мадад» дар Тоҷикистон ва ташаббуси маркази табобати бемориҳои ВИЧ ва СПИД 6 декабр дар пойтахти ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои  пешгирии такроршавии бемориҳо» машварати духтурон баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки  машварати мазкур мувофиқи Меморандуми  ҳусни тафоҳуми имзонамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  шӯъбаи созмони байналмилалии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод — Бунёди мадад» дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ҳадафи машварат ҷамъбасти натиҷаҳои дастовардҳои соҳа ва муайян намудани нақшаҳои оянда мебошад. Дар машварат намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва адлия, шӯъбаҳои  минтақавии мубориза ба муқобили СПИД, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ ширкат меварзанд. Барномаи пешгирии  такроршавии бемориҳо барои одамоне, ки ҳамроҳи беморони гирифтори ВИЧ ва СПИД зиндагӣ мекунанд, дар ҷумҳурӣ соли 2006 шурӯъ шуда буд ва  имрӯз нисбати  205 нафар татбиқ карда мешавад.

Декабрь 5, 2008 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад