БАРРАСИИ НАҚШАИ РОҲҲОИ МОШИНГАРДИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 27, 2008 12:58

             Душанбе , 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Зимни мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Асаналӣ Қарамалиев бо мушовири раёсати  идораи ҳамлу нақли  мол дар  ҷумҳуриҳои  Осиёи Марказии Бонки рушди Осиё Хонг Ки Макс масъалаҳои  тартиб додани нақшаи ташкили шабакаи нақлиётӣ муҳокима шуд, ки  Тоҷикистонро бо мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад. Таъкид шуд, ки  ҳамлу нақли мол ба воситаи нақлиёти автомобил ва сохтмони роҳҳои мошингард барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.             Меҳмон ба  проблемаҳои   ҳамлу нақли мол аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чин, теъдоди корхонаю муассисаҳои аъзои палата дар соҳаи нақлиёт ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зикр намуд, ки  роҳи мошингарди  Душанбе — Қулма  ҳамагӣ 6 моҳ истифода бурда мешавад ва ин  фаъолияти соҳибкорону тоҷиронро хусусан  дар фасли зимистон душвор мегардонад. Хонг Ки Макс хабар дод, ки моҳи феврали соли оянда дар шаҳри Гуанчжоу бахшида ба нақшаи шабакаи роҳҳои мошингарди Тоҷикистон семинари дурӯза баргузор мегардад. Вай даъват намуд, ки намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар семинари мазкур ширкат варзанд.  

Декабрь 27, 2008 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд