БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Декабрь 10, 2008 14:59

           Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Соли 2000 бахшида ба проблемаҳои соҳаи маориф анҷумани ҷаҳонӣ баргузор гардида буд. Дар он  пешбинӣ шуда буд, ки  барои соҳаи маорифи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тӯли солҳои оянда 6 фоизи  маблағи  маҳсулоти  умумии дохилӣ ҷудо карда шавад. Вале ин қарор то ҳол иҷро нашудааст. Соли 2006 дар Қазоқистон барои соҳаи маориф 3,4 фоизи  маблағи маҳсулоти умумии дохилӣ, дар Қирғизистон 4,7 фоиз ва дар Тоҷикистон 3,6 фоизи маблағи он ҷудо карда шуд. Ин ва  проблемаҳои дигари соҳаи маорифи мамлакатҳои минтақа имрӯз зимни мулоқоти намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи «Маълумоти ҳамагон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот коршиносону мутахассисони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Онҳо дар бораи беҳтар сохтани сифати таҳсил дар мамлакатҳои минтақа сухан ронда,  зарурати бунёди заминаи  қонунии соҳа, афзун гардонидани имкониятҳои маъмурӣ, дарёфти захираҳои нав ва беҳтар сохтани натиҷаҳои  таҳсилро таъкид намуданд. Зикр шуд, ки то ҳол проблемаи   бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани мактабҳо ҳал нашудааст, дар мактабҳо муаллимон намерасанд, меъёри миллии соҳаи маориф дар бисёр мамлакатҳо ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад. Дар фарҷоми мулоқот ҳисоботи иҷрои барномаи  «Маърифати ҳамагон» дар соли 2008 баррасӣ намуда ва  нақшаю проблемаҳои соли 2009 муайян карда шуданд. Иштирокчиёни мулоқот барои иҷрои барнома то соли 2015 ба  ҳукуматҳои мамлакатҳояшон тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Декабрь 10, 2008 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд