БЕЛОРУС ДАР ИҶРОИ БАРНОМАҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН САҲМ МЕГУЗОРАД

Декабрь 18, 2008 15:00

                 Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Белорус, раиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакат аз ҷониби Белорус Игор Петришенко мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, тиҷорат, истихроҷи қувваи барқ, кишоварзӣ, варзиш, сафару саёҳат ва фарҳанг муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки Белорус Тоҷикистонро дар соҳаҳои сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ бо техника, мошинҳои боркаш ва тракторҳо таъмин хоҳад кард.                 Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки дар заминаи корхонаҳои саноатии мавҷудаи Тоҷикистон корхонаҳои хурди муштараки ҳар ду мамлакат ташкил карда шаванд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Белорус дар давоми даҳ моҳи соли равон қариб 70 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Ба ақидаи коршиносон, ҳар ду мамлакат барои зиёд кардани маблағи хариду фурӯши мол то 300 миллион доллари ИМА имконият доранд. Тарҷумон — Қудратов А. 

Декабрь 18, 2008 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид