БО СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ КИТОБИ «ТОҶИКОН» АЗ НАВ ЧОП КАРДА МЕШАВАД

Декабрь 24, 2008 12:17

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати  сад солагии рӯзи таваллуди академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ботантана баргузор гардид. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханрониаш дар маҷлис ҳамаи ҳозиронро ба ин муносибат табрик намуд.Сарвари давлат зикр кард, ки Бобоҷон Ғафуров дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, равнақу ривоҷи илму фарҳанги тоҷик ва рушди илми  шарқшиносии ҷаҳон саҳми бузург гузошт. Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  хизматҳои калони олим дар назди халқу ватан сухан ронда, зикр кард, ки Бобоҷон Ғафуров дар тӯли  умри худ танҳо ба таҳқиқу омӯзиши таърихи  миллати  қадимаи тоҷикон ва  давлатдории онҳо машғул шудааст. Б. Ғафуров  дар давоми фаъолияти  самарабахши илмии худ на танҳо таърихи мукаммали тоҷиконро таълиф намуд, балки дар таҳлилу омӯзиши таърихи бисёр халқҳои Машриқзамин нақши бузург гузошт. «Фаъолияти илмии  Б.Ғафуров, ки  бо омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз ёфта буд, тадриҷан  вусъат ёфта, масъалаҳои гуногуни таърихи  миллатҳо ва халқҳои Шарқ , ҳаёту  эҷодиёти мутафаккирони бузурги Машриқзамин ва рушди илми шарқшиносиро фаро гирифт»,- гуфт сарвари давлат.            Президенти ҷумҳурӣ дар фарҷоми суханрониаш ба  мақомоти дахлдор супориш дод, ки  китоби  «Тоҷикон» — ро  то соли 2011 бо  теъдоди 50  ҳазор нусха аз нав чоп кунанд. Китоби мазкур ҳамчунин ба забони англисӣ тарҷума ва нашр карда мешавад. Ҳадафи ин иқдом дастраси хонандагони бештар гардонидани  китоби  «Тоҷикон »  мебошад. Ба Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки  бахшида ба китобҳои  «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров ва достони «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ барномаҳои  телевизионӣ ва радио таҳия сохта, мазмуну мундариҷаи онҳо ба  тамошобинону шунавандагон ба таври  оммафаҳм шарҳу эзоҳ  дода шавад.  

Декабрь 24, 2008 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад