БОИГАРӢ ҚОЧОҚ МЕШАВАДУ ТАДБИРИ ВАЗОРАТ МАЪЛУМ НЕСТ!

Декабрь 5, 2008 09:53

         Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз моҳи феврали соли 2004 коркард, фурӯш ва интиқоли шираи камол манъ карда шудааст. Мутобиқи Қарори мазкур Вазорати тандурустӣ вазифадор карда шуда буд, ки коркади шираи камолро дар дохили кишвар ба роҳ монад. Тавре аз дафтари матбуоти вазорат иттилоъ доданд, то имрӯз дар дохили ҷумҳурӣ  ягон корхонаи коркарди шираи камол вуҷуд надорад.Корчаллонҳои бо ном «соҳибкор» ин боигарии қимматбаҳоро барои фоидаи ночизе ба таври қочоқ ба хориҷи кишвар мебароранд. Хисороте, ки аз чунин фаъолияти «соҳибкорӣ» ба буҷаи ҷумҳурӣ расидааст, дар соли 2008 беш аз 53 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шираи камоли ҷамъовардаи «соҳибкорон»-и маҳаллиро дар ҷумҳурӣ ягон ташкилоту идораи салоҳиятдор муайян накардааст.

Декабрь 5, 2008 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд