БУҶАИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ СОЛИ 2009 ТАСДИҚ ШУД

Декабрь 24, 2008 16:29

          Кӯлоб, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Тибқи иттилои сардори Раёсати молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назаров, вакилони мардумӣ буҷаи шаҳри Кӯлобро барои соли 2009 тасдиқ намуданд, ки он нисбати соли гузашта як маротиба зиёд аст.         Бо назардошти талаботи рӯзмарра, буҷаи имсолаи шаҳр дар ҳаҷми 27 миллиону 441 ҳазору 32 сомонӣ муқаррар шуд. Бахтиёр Назаров гуфт, ки қисмати зиёди маблағи буҷа ба соҳаи маориф ва тандурустӣ равона карда шудааст. Аз маблағи умумӣ 15 миллиону 340 ҳазору 244 сомонӣ барои соҳаи маориф, 5 миллиону 650 ҳазор сомонӣ — соҳаи тиб, 423 ҳазору 785 сомонӣ — фарҳанг, 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ — сохтмон ва 450 ҳазор сомонӣ барои соҳаи нақлиёт пешбинӣ шудааст. Қисмати боқимондаи маблағ барои кӯмакҳои иҷтимоӣ ва фонди захиравии шаҳрдорӣ сарф хоҳад шуд.

Декабрь 24, 2008 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд