БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТАСДИҚ КАРДА ШУД

Декабрь 29, 2008 16:51

           Хуҷанд, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар Хуҷанд таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иҷлосияи 15 Маҷлиси вакилони мардумии вилоят баргузор гардид. Дар он ғайр аз вакилони маҷлиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар иҷлосия натиҷаҳои  фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти вилоят дар давоми 11 моҳи гузашта муҳокима намуда, лоиҳаи буҷети соли 2009 тасдиқ карда шуд. Дар  ҳисоботи раиси вилоят қайд карда шуд, ки  дар давоми 11 моҳи соли 2008 нақшаи қисмати даромади буҷет 113 фоиз ва қисмати хароҷоти он 106,1 фоиз иҷро шуд.             Корхонаҳои саноатии вилоят дар ин муддат ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ва  корхонаҳои кишоварзӣ ба маблағи 1,9 миллиард сомонӣ маҳсулот бароварданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Қайд карда шуд, ки нақшаи ҷамъоварии пахта имсол 51 фоиз иҷро шуду халос. Дар иҷлосия буҷети вилоят барои соли 2009 тасдиқ шуд. Ҳаҷми  қисми даромади он  ба маблағи 380,8 миллион сомонӣ ва  қисми хароҷоти   он ба маблағи 354,2 миллион сомонӣ пешбинӣ карда мешавад.

Декабрь 29, 2008 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад