ЧАРО КОРФАРМОЁН ТАЛАБОТИ КОДЕКСИ МЕҲНАТРО РИОЯ НАМЕКУНАНД?

Декабрь 16, 2008 16:07

         Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Бино ба гуфтаи сардори шӯъбаи муҳофизати меҳнат ва рушди шарикии иҷтимоии Раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Маҳмадсафар Асоев, дар натиҷаи санҷишҳо аз тарафи корфармоён риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифз ва бехатарии он, риоя нашудани шартномаҳои коллективӣ ошкор карда шудааст. Дар натиҷаи санҷишҳо 253 ҳолати риоя нашудани гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар соҳаи истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ошкор шуд. Ҳамчунин, 242 ҳолати риоя нашудани талаботи ҳифзи меҳнат, 217 ҳолати таъмин накардани имтиёз ва ҷуброн барои кормандони шароити корашон зарарнок маълум гардид. Дар маҷмӯъ, қариб чоруним ҳазор ҳолати қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат аз тарафи корфармоёни корхона, муассисаю ташкилоти ҷумҳурӣ муайян гардида, барои чораҷӯӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарони муассисаю корхонаҳо дастуру санад ирсол карда шудааст.

Декабрь 16, 2008 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд