ЧАРО «СУҒДИЁН»-У «ҲИСОР» БАРОИ ТУХМӢ ҶУДО КАРДА НАМЕШАВАНД?

Декабрь 17, 2008 14:21

                 Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфтаи мудири кафедраи селексия, генетика ва пахтакории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Салимбек Расулов, барои пахтакориро ба соҳаи сердаромад табдил додан, корро аз кишти техникии он шурӯъ кардан зарур аст.                Дар давлатҳои соҳаи пахтакориашон пешрафта дар 1га замини пахта ҳамагӣ 20 — 25 кг пунбадона кишт карда мешавад. Дар шароити феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар 1га аз 80 то 120 кг чигити пахтаи миёнанах ва то 60 кг чигити пахтаи маҳиннах кишт карда мешавад, ки дар ин ҳол хоҷагиҳо пеш аз ҳама фоидаи иқтисодиро бо харҷи зиёди тухмӣ аз даст медиҳанд. Аз тарафи дигар, кори ягонакунӣ боиси меҳнати иловагӣ ва маблағгузории зиёдатӣ мегардад.                Олимони соҳаи кишоварзӣ навъҳои пахтаи серҳосили «Ҳисор» ва «Суғдиён»-ро, ки то 50-сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил дода метавонанд, ба вуҷуд оварданд. Аммо бо сабаби дуруст ташкил накардани соҳаи тухмипарварӣ, чигити ин навъҳо барои тухмӣ ҷудо карда намешавад.

Декабрь 17, 2008 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад