«ЧИГИЛАК» БО ГӮШ МЕБИНАД, БО ЧАШМ МЕШУНАВАДУ БО ПОЙ МЕНАВИСАД
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 5- уми декабр дар Иттифоқи нависандагон китоби нави Ҷӯра Ҳошимӣ бо номи «Чаро шамолак вазид?» муаррифӣ мегардад. Китоб дар нашриёти «Муассис ва фарҳанг» ба табь расида, аз шеърҳои кӯдакона иборат аст, ки дар жанри «чигилак» навишта шудаанд. «Чигилак» як гунаи шеър аст, ки адибони бисёр халқҳои олам онро эҷод мекунанд, аммо дар адабиёти тоҷик жанри нав аст. Хонандагони хурдсол «чигилак» -ро бо шавқу ҳавас мехонанд. Дар ин гуна шеърҳо воқеа ғайритабиӣ, пасупеш, чаппаву роста, баръакс ва дарҳамбарҳам тасвир мешаванд. Ин хусусияти «чигилак» хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару ҳушёртар бошад, хондаашро мулоҳиза кунад ва ҳақиқатро аниқу дақиқ донад. Масалан, бо чашм шунидан, бо гӯш дидан, бо даст роҳ гаштану бо пой хат навиштан. Ҷӯра Ҳошимӣ дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт: ки «ман шеърҳоямро бо оҳанги сабук ва шӯху шавқовар иншо мекунам, ки онҳо дар сиришти хонанда хислатҳои ҳақиқати ҳолро дидан, асли воқеаро фаҳмидан ва ба бемаънигиву бемантиқӣ хандиданро тарбия мекунанд». Бояд зикр намуд, ки Ҷӯра Ҳошимӣ аз шоирони сарафрохтаи адабиёти кӯдаконаи тоҷик мебошад. Китобҳои ашъори ӯ — «Офтобак», «Парасту», «Ман алифбо мехонам», «Аз як-як то лак-лак», «Ман ба куҷо медавам?» ва дигар асарҳояш дар пешрафти адабиёт ва тарбияи насли наврас мақоми намоён доранд. Муаллиф умед дорад, ки «чигилак» ҳам монанди чистон, шумурак, тезгӯяк ва дигар намудҳои машҳури шеър ҳаводорони худро пайдо мекунад ва дар қатори жанрҳои писандидаи хонандагон қарор мегирад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






