ДАР 11 МОҲ СЕ СӮХТОРИ КАЛОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Декабрь 16, 2008 08:31

             Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 3 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки аз он ба соҳибкорон ва тоҷирон хисороти зиёди пулию молӣ расидааст. Бино ба гуфтаи прокурори ноҳия Раҷабалӣ Юлдошев, дар ду ҳолат нисбати гунаҳгорон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Қасдан аз ҷониби Алишер Собирҷонов оташ задани мағозаи «Престиж» дар бозори «Корвон» тасдиқи худро ёфт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ба суд ирсол гардид. Бояд зикр намуд, ки дар ин муддат барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор 38 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Муайян карда шуд, ки бештари сӯхторҳои баамаломада аз беаҳамиятӣ ва бесалоҳиятии худи соҳибкорон рух додаанд.

Декабрь 16, 2008 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд