ДАР ҶИЛЛИКӮЛ МАРКАЗИ КИШОВАРЗӢ КУШОДА МЕШАВАД
Қӯрғонтеппа, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Бо кӯмаки молиявии сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷилликӯл маркази омӯзиши донишҳои кишоварзӣ кушода мешавад. Мудири шӯъбаи иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Салимҷон Авазов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки марказ ба рушди соҳаи кишоварзӣ бо роҳи гузаронидани ҷамъомадҳои гуногун, аз ҷумла, семинарҳо мусоидат хоҳад кард. Кормандони соҳа ба ин васила донишу таҷрибаи худро дар бобати парвариши зироатҳои серҳосил ғанитар мегардонанд. Ба фаъолияти марказ олимону мутахассисон ҷалб карда мешаванд. Ҳамчунин барои гузаронидани таҷриба қитъаи замин ҷудо карда хоҳад шуд. С.Авазов дар фарҷоми сӯҳбат зикр намуд, ки дар назди марказ озмоишгоҳи махсус низ кушода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






