ДАР АМРИКО 1150-СОЛАГИИ РУДАКИРО ҶАШН ГИРИФТАНД

Декабрь 19, 2008 16:59

                 Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова).- Бо ташаббуси Намояндагии доимии ҶТ дар Созмони Милали Муттаҳид дар донишгоҳи бузургтарини шаҳри Ню-Йорк-Колумбиё дар мавзӯи «Ҳаёт, эҷодиёт ва ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.                Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, дар ин чорабинӣ олимони шинохтаи Амрико, аз ҷумла профессор ва раиси Маркази эроншиносии Донишгоҳи Колумбиё Эҳсон Ёршотир, профессори Донишгоҳи давлатии Оҳайё Парвона Пуршариати, профессори Донишгоҳи Сан Ҷони шаҳри Ню-Йорк Ҳабиба Раҳим ва дигарон иштирок намуданд.                 Профессорон Ёршотир ва Таботабоӣ бо хондани даҳҳо қасидаву шеърҳои Рӯдакӣ конфронсро ба як фазои рӯдакишиносӣ табдил доданд, ки ин ба тамоми иштирокчиён хуш омад. Иштирокчиён аз Намояндагӣ хоҳиш карданд, ки минбаъд дар якҷоягӣ бо шарқшиносон ва Маркази эроншиносии Донишгоҳи Колумбиё чунин маъракаҳоро бештар баргузор намояд.                  Намояндагӣ ба ҳамаи интирокчиёни конфронс брошюраҳо оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ ва китобчаҳои ашъори Рӯдакиро бо забонҳои форсию англисӣ такдим кард.

Декабрь 19, 2008 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд