ДАР БАЙНИ ДУШАНБЕ ВА БОКУ РОҲИ ҲАВОӢ КУШОДА МЕШАВАД

Декабрь 11, 2008 16:55

          Душанбе,  11  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна  Бойева). –  Тибқи  хабарҳои  аз пойтахти Ҷумҳурии  Озарбойҷон  расида,  20  декабр дар  байни  пойтахтҳои ҳар  ду  кишвар  —  шаҳрҳои  Душанбе  ва  Боку  роҳи  ҳавоӣ  кушода  мешавад. Айни   ҳол  намояндагони  Ҳукумати  Тоҷикистон  ин  масъаларо  бо  роҳбарияти  Ҷамъияти  саҳомии «Роҳҳои  ҳавоии  Озарбойҷон»  баррасӣ  менамоянд. Масъалаи мазкур  рӯзҳои  наздиктарин  пурра  ҳал  карда  мешавад. Сардори  Раёсати  умумии  ҳавонавардии  мулкии  вазорати  нақлиёт  ва  алоқаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Неъматулло  Соҳибов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  роҷеъ  ба  ин  масъала  ба  унвони  Ҷамъияти  саҳомии «Роҳҳои  ҳавоии  Озарбойҷон» мактуби  махсус  фиристода  шудааст. Вазорат айни  ҳол  интизори  ҷавоби  ҳамин  мактуб  мебошад.

Декабрь 11, 2008 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад