ДАР ХУҶАНД 100-СОЛАГИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВРО ТАҶЛИЛ МЕКУНАНД

Декабрь 17, 2008 14:04

             Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Мувофиқи қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, 26-уми декабр дар саросари вилоят 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил карда мешавад.              Бино ба иттилои маркази таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, имрӯзҳо ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят викторина, семинар, мулоқот, мизи мудаввар ва «Ғафуровхонӣ» баргузор шуда истодааст.               Бояд зикр намуд, ки бо ин мақсад 4 ҳазору 300 сомонӣ аз фонди захиравии раиси вилояти Суғд барои гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ ҷудо мегардад.               Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар доираи маъракаҳои 100-солагии Бобоҷон Ғафуров оғози ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки олимон, таърихшиносон ва устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ баргузор гардид.

Декабрь 17, 2008 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд