ДАР ИДИ «МЕҲРГОН» КИШОВАРЗОН СОҲИБИ ТӮҲФА ШУДАНД

Декабрь 24, 2008 17:05

        Кӯлоб, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар Кӯлоб нахустин бор иди «Меҳргон» бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта шуд. Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев зимни муборакбодии кишоварзон гуфт, ки ҷашнгирии «Меҳргон» аз суннатҳои қадими миллати тоҷик буда, дар гузаштаи дур фасли тирамоҳ истиқбол гирифта мешуд. Шоҳони сосонӣ охири тирамоҳ фаъолияти яксолаи кишоварзонро натиҷагирӣ намуда, захираи анбори худро ҳисоб мекарданд.         Раиси шаҳр афзуд: «Имсол аз ҳарсола дида ба истиқболи иди ҳосилот сазовортарем, зеро анқариб ҳамаи нақшаҳои меҳнатиро барзиёд иҷро кардем». Аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ ба кишоварзон тӯҳфаҳои моливу пулӣ тақдим гардид. Онҳое, ки дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ саҳми босазо гузоштаанд, бо тӯҳфаҳои қиммат, аз ҷумла, телевизор ва қолин сарафроз гаштанд.

Декабрь 24, 2008 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд