ДАР НАЗДИ МАМЛАКАТҲОИ АЪЗОИ ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ ВАЗИФАҲОИ ДУШВОР

Декабрь 13, 2008 12:38

                   Бишкек, 13 декабр.(АМИТ «Ховар» — Кабар ). — Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Игор Чудинов дирӯз дар маҷлиси Шӯрои байнидавлатии мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия изҳор намуд, ки давлатҳои аъзои ҷомеа вазъияти душвори вобаста ба бӯҳрони шадиди молиявӣ ва озуқаро танҳо дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муштарак ва якҷоя беҳтар карда метавонанд. Вай чунин мешуморад, ки ҷараёни таҳия ва қабули барномаи таъмини амнияти озуқавории давлатҳои аъзои ҷомеаро тезонидан зарур аст.                   И.Чудинов таъкид кард, ки бо маводи озуқа ва маҳсулоти дигари ҳаётан зарур таъмин кардани аҳолӣ вазифаи асосӣ ва муҳимтарини ҳар давлат мебошад. Ин вазифаро бе ҳалли проблемаи бартараф сохтани фарқияти сиёсати транзитӣ ва ташаккули иттифоқи нақлиётии давлатҳои аъзои ҷомеа пурра иҷро намудан имконнопазир аст.  Роҳҳои нақлиётӣ ба ин маъно рагҳои хунгарди иқтисодиёт мебошанд. Бе рушди ҳамаҷониба ва таъмини фаъолияти роҳу нақлиёт дар бораи ҳамкории доманадор дар ягон соҳаи иқтисодиёт ҳоҷати сухан рондан ҳам нест, гуфт вай. Сарвазири Қирғизистон изҳор намуд, ки имрӯз ташкили гурӯҳҳои корӣ аз ҷумлаи коршиносони варзидаи мамлакатҳои аъзои ҷомеа бо мақсади муайян намудани шаклу усулҳои иштироки мамлакатҳои аз доираи ҳамгироӣ берунмонда, ташкили иттифоқи навтаъсиси гумрукҳо ва ғайра ба мақсад мувофиқ мебошад. И.Чудинов дар фарҷоми суханрониаш зикр кард, ки дар назди давлатҳои аъзои ҷомеа дар ин масъала вазифаҳои душвор гузошта мешаванд.                 Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар ин рӯзҳои душвор санҷишҳои навро аз сар мегузаронад. Мо бояд ба аҳолии мамлакатҳоямон на танҳо дар бораи таҳияю қабули ҳуҷҷатҳо хабар диҳем, балки бояд дар амал исбот кунем, ки фаъолияти мо ба одамон манфиати воқеӣ расонда метавонад, гуфт вай.                                                                                                                                              Тарҷумон — Қудратов А. 

Декабрь 13, 2008 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид