ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ СЕМИНАРИ ИТТИЛООТӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Макази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, 19-уми декабри соли 2008 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар мавзӯи «Ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои Пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» семинари иттилоотӣ баргузор мегардад. Тибқи барномаи баргузории семинар, баромади директори Муассисаи давлатии Маркази ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди соҳаи пахтакорӣ М. Шералиев дар назар аст. Сармутахассиси соҳаи кишоварзӣ ва муҳити зист, номзади илмҳои кишоварзӣ Ш. Сафаров дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани истеҳсоли пахта» тавсияҳои илмӣ пешниҳод менамояд. Дар кори семинар раисони ҷамоатҳои деҳоти минтақаи Кӯлоб ширкат меварзанд. Инчунин, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, роҳбарону мутахассисони соҳаи пахтакории вилояти Хатлон ба ин семинар даъват шудаанд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






